Велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмул ва пешрафта маҳсуб мешуд.
Варзишгарони тоҷик дар ин риштаи олимпӣ ба дастовардҳои бузург мушарраф шуда буданд. Намояндагони Тоҷикистон Станислав Шепел, Саид Ҳусейнов ва Николай Макаров дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ борҳо пирӯзӣ ба даст овардаанд. Вале солҳои истиқлолияти Тоҷикистон велосипедронӣ қариб аз байн рафта буд ва ду соли ахир, пас аз таъсиси Федератсияи велосипедронӣ ин намуди варзиш дар Тоҷикистон аз нав эҳё мешавад.
Ринат Батиршин, сармураббии дастаи мунтахаби велосипедронии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи кунунии ин намуди олимпии варзиш дар Тоҷикистон хеле хароб аст. Ба қавли ӯ, велосипедронӣ аз ҷониби давлат ҳеҷ гуна кӯмаку дастгирӣ намебинад. Ҷаноби Батиршин гуфт, чанд сол қабл ба раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хоҳиш намуда буд, ки ин риштаи варзишро дастгирӣ кунад:
«Ба ман муяссар шуд, ки мушкилоти ин соҳаро ба президент расонам. Ӯ ба вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ якҷоя бо ширкати «Барқи тоҷик» супориш дод, ки моро дастгирӣ кунад. Баъди чанде ман назди вазир даромадам, то ки моро сарпарастӣ кунад, чун президент ӯро муваззаф карда буд. Ӯ ин муроҷиати моро дар дафтараш навишт, вале мушкили мо танҳо дар рӯи коғаз монд.»
Ҷаноби Батиршин афзуд, онҳо бояд Федератсияи велосипедрониро аз сари нав барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод намуда, барои фаъолияти он дафтари корӣ дарёфт кунанд: «Мо ду соли охир аз ҳисоби худ дар мусобиқоти велосипедронии Қирғизистону Русия иштирок кардем, то ин ки як навъ таваҷҷӯҳро ба худамон ҷалб кунем. Дар Тоҷикистон сабқатҳои велосипедрониро баргузор кардем. Ҳоло ният дорем, ки веломарафони наврӯзии «Душанбе - Панҷ»-ро баргузор намоем.”
Ринат Батиршин мегӯяд, маоши ӯ ҳамчун сармураббӣ хеле ночиз аст, ӯ 293 сомонӣ маош мегирад ва чархи зиндагиашро танҳо аз ҳисоби таъмири велесипедҳо мегардонад.
Баҳром Шодиев, як ҷавони душанбегӣ гуфт, велосипедронӣ тӯли 15 сол шуғли дӯстдоштаи ӯ гаштааст ва мекӯшад, ки маҳораташро то ба сатҳи касбӣ баланд бардошта, дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок кунад: «Мушкили асосӣ он аст, ки мо ба ин варзиш танҳо бо пули худамон машғул мешавем. Бисёр бачаҳое, ки мехоҳанд ба ин варзиш машғул шаванд, имконияти молӣ надоранд. Чунки велосипедҳои варзишӣ хеле гаронанд, 6-7 ҳазор доллари амрикоӣ нарх доранд.»
Ба гуфтаи Баҳром, табиати Тоҷикистон - ҳам боду ҳаво, ҳам роҳу ағбаҳо барои велосипедронӣ хеле мувофиқ аст.
Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ҳукумати шаҳр барои эҳёи ин навъи варзиш кӯшиш ба харҷ медиҳад: «Ҳоло мо лоиҳаи қарори раиси шаҳрро дар бораи таъсиси мактаби махсуси ҷавонону наврасони захираҳои олимпӣ аз рӯи варзиши велосипедронӣ таҳия кардаем ва ба наздикӣ ин мактабро таъсис хоҳем дод.»
Ҷаноби Қурбонов инчунин иброз дошт, ки бо пешниҳоди шӯъбаи экологияи Душанбе, дар пойтахти кишвар сохтмони пайроҳаҳои махсуси велосипедронӣ дар назар аст.
Вале дар ҳамин ҳол бархе аз велосипедронҳое, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, иброз доштанд, ронандаҳои нақлиёти автомобилӣ велосипедсаворонро хуш надоранд ва бо онҳо муносибати дағал мекунанд. Ронандагон дар бисёр мавридҳо ба дучархасаворон роҳ намедиҳанд, ки ин боиси садама мегардад. Бинобар ин велосипедронҳо аз тамрин кардан дар роҳҳои автомобилгард тарсу ҳарос доранд.