Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучархасаворони тоҷик 7 ҳазор километрро тай карданд


Дучархасаворони тоҷик Алишер Хушвахтов ва Саидалӣ Азизов рӯзи 2-юми июн ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск расиданд.

Алишер Хушвахтови 25- сола, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ва Саидалӣ Азизови 27-сола, муаллими мактаби миёнаи шумораи 28-и шаҳри Душанбе, ки 20-уми апрели соли равон бо дучарха ё велосипед аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба сафари 100-рӯза баромада буданд, тасмим доранд дар ин муддат 14 ҳазор километрро тай кунанд.

Онҳо аз Душанбе то Минск дар муддати 1 моҳу 13 рӯз қариб 7 ҳазор километр роҳро тай намуданд. Хати ҳаракати онҳо аз роҳҳои 5 кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ҷараён дошт. Сокинони шаҳрҳои Ӯш, Бишкек, Алматӣ, Остона, Челябинск, Екатеринбург, Перм, Қазон, Нижний Новгород, Маскав ва Минск ҷаҳонгардони тоҷикро хуб истиқбол карданд. Қарор аст, онҳо рӯзи 6-уми июн ба пойтахти Укроин – шаҳри Киев бирасанд.

Алишер Хушвахтов, мегӯяд: «Мо ҳаррӯз дар муддати 11 соат масофаи 220 километрро тай мекунем. Сафари дарозмуддат пур аз мушкилот аст, вале мо ки азм намудем, ҳатман ин роҳро тай хоҳем кард».

Саидалӣ Азизов, сайёҳи дигари тоҷик, мегӯяд, сафари дарозмуддати онҳо таҳти шиори «Варзиш - қосиди сулҳ» ҷараён дорад: «Масири минбаъдаи ҳаракати мо бо дучарха аз роҳҳои Чечен, Доғистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркманистон ва Узбакистон мегузарад. Мувофиқи нақша мо пас аз шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рӯзи 1-уми август ба Душанбе бармегардем».
XS
SM
MD
LG