Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ аз собиқаи сиёсии худ ҳимоят кард ва гуфт, тавонистааст, кишварашро аз варшикастагии иқтисодӣ эмин дорад. Дар паёме ба ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар шаҳри бандарии Марсел, Саркозӣ аз онҳо даъват кард, ҳамроҳи ӯ аз арзишҳои суннатии кишвараш дифоъ кунанд:
“Ин кишвари ҳамаи мост. Ман аз шумо фақат як чиз мехоҳам. Маро ёрӣ кунед. Кӯмак кунед. Ба хотири Фаронса. Ёрӣ кунед, то мардуми Фаронсаро муттаҳид кунам. Зинда бод Ҷумҳурӣ. Зинда бод Фаронса!”
Саркозӣ рақиби худ, сотсиалист Франсуа Ҳолландро танқид кард, ки ба хотири пирӯзӣ дар интихобот, ҳарчӣ хоҳад мегӯяд. Интихоботи президентии Фаронса дар ду давр, моҳҳои апрел ва май баргузор хоҳад гашт.