Олмон раисиҷумҳури нав меҷӯяд

Ҳизбҳои сиёсии Олмон дар ҷаласае сари раисиҷумҳури нави ин кишвар пас аз истеъфои Кристиан Вулф зимни моҷарои фасод баҳс карданд. Ин истеъфо зарбае ба сарвазири Олмон Ангела Меркел аст, ки тарафдори сарсахти Вулф буд ва он ҳам дар ҳоле ки аксари олмониҳо дар интихоботи соли 2010 аз рақиби ӯ Йоахим Гаук ҳимоят мекарданд. Акнун дарёфти номзади мақбули ҳамаи тарафҳо мушкил аст, зеро яке аз ҳизбҳои эътилофи ҳоким – Демократҳои озод ба ҳизбҳои мухолифи Сотсиал-Демократ ва “Сабзҳо” пайвастанд.