Вазирони хориҷаи 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 20 ба шаҳри Лос Кабоси Мексика ворид шудаанд, то дар мулоқоти дурӯзаи худ ҷиноятҳои фаромарзӣ, тағири иқлим, масъалаҳои ғизоӣ ва масъалаҳои амниятиву умури идориро баррасӣ кунанд. Ин мулоқот ҳамин рӯз ба кор оғоз мекунад. Ҳоло Мексика раёсати давраии Гурӯҳи 20 ё Ҷӣ 20-ро бар ӯҳда дорад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи шанбе вориди ин шаҳр шуд. Вай гуфт, интизор намеравад, ки аз натиҷаҳои ин мулоқот изҳороти расмӣ ба нашр расад.