Аз бомбгузорие дар назди масҷиди шиъагон дар шимолуғарби Покистон то 21 нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, бомб дар бозори Парачинор мунфаҷир шуда, бомбгузор худро низ ба ҳалокат расондааст. Бино бар хабари дигар дар задухӯрде миёни нерӯҳои давлати Покистон ва як гурӯҳи исломӣ 5 ситезаҷӯ ва се узви гурӯҳи тарафдори давлат кушта шудаанд. Нерӯҳои Покистон якҷо бо аҳолии маҳаллӣ зидди гурӯҳи “Лашкари Ислом” дар мавзеи Спиданди минтақаи қабиланишин амалиёт оғоз намудаанд.