Президентҳои Покистон, Афғонистон ва Эрон рӯзи ҷумъа дар Исломобод, пойтахти Покистон, масъалаҳои минтақаиро баррасӣ карданд. Қабл аз ин нишаст мавзӯъҳои он дар дидори сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ бо раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯ шуд. Гелонӣ дар ин бора гуфт:
“Мо мехоҳем, зидди терроризм ва қочоқои маводи мухаддир ҳамкорӣ кунем.”
Гелонӣ афзуд, сафари раисиҷумҳури Эрон равобитро таҳким хоҳад дод. Се президент инчунин барномаҳои муштараки энержиро баҳс карданд. Покистон умедвор аст, аз Туркманистон ва Эрон газ хоридорӣ намояд.