“Хоби зимистона”-и аҳзоби Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Бисёриҳо дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ фақат дар рӯзҳои интихобот аз хоб бедор мешаванд.
Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 8 ҳизби расман сабтиномшуда амал мекунад, вале аксари ин гурӯҳҳои сиёсӣ барои мардум зиёд ошно нестанд ва аксар ҳам аз фаъолиятҳои ин аҳзоб хабари чандоне надорад. Як бардошти умумӣ дар ҷомеа ин аст, ки аҳзоби сиёсӣ дар 5 сол фақат як бор ва он ҳам барои муддате дар рӯзҳои интихобот ба хотири ба даст овардани орои мардум “зинда”–ву фаъол мешаванд ва чун интихобот гузашту курсиҳои вакилӣ тақсим шуд, боз мераванд ба “хоби зимистонӣ.”

Мушкиннисо Атозода, як мусоҳиби мо дар Душанбе гуфт, дар ҷомеа ҳар рӯз ҳазору як масоили доғ пеш меояд, вале ба истиснои изҳори назари раҳбарони бархе ҳизбҳои мухолиф, аксар ба даҳон об гирифтанро авлотар медонанд ва хеле кам воқеъ мешавад, ки ягон гурӯҳи сиёсӣ дар Тоҷикистон пиромуни ин ё он масъалаи доғи рӯз изҳори расмии назар кунад. Хонум Атоева афзуд: “Аҳзоби сиёсӣ фақат вақте лаб мекушоянд, ки баҳси масъала аллакай ба авҷи аълояш расида, мардуми оддӣ ҳам нигарониашро иброз кардааст, ҳол онки ҳизбҳо бояд пеш аз мардум бедор шаванд, на баръакс.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар пайи моҷарои халабонҳои ширкати “Ролкан”, ки ҳукми зиндони онҳо боиси таниши тунде байни Душанбеву Маскав шуд, дастикам ду дафъа ҳатто аз мақомоти Ҳизби ҳокими халқӣ-демократиаш интиқод кард, ки дар ин масъала ва масоили дигари доғ изҳори назаре намекунанд.

Ҳамин тавр, ба нишони эътироз ба хомӯшии ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) дар баробари масоили рӯз, Алим Шерзамонов, раҳбари созмони вилоятиаш дар Бадахшон дар моҳи ноябр ба анҷумани навбатии ин ташаккули сиёсии мухолифи давлат наомад.

Интиқоди президент ва Шерзамонов

Аммо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ мегӯяд, ҳизби ӯ бефаъолият нанишастааст, вале бештар ба кори амалӣ тарҷеҳ медиҳад, то ба таблиғи корҳои анҷомдодааш. Аз сӯи дигар, меафзояд оқои Зоиров, расонаҳои расмӣ дар бораи фаъолияти ҳизбҳои мухолиф ба ҷуз аз матолиби танқидӣ чизе нашр намекунанд: “Ман ҳамчун раиси ҳизб дар 5 сол ҳамагӣ як бор дар вақти интихобот имконият дорам, дар телевизиони марказӣ баромад кунам. Ҳатто телевизионҳои маҳаллӣ дар бораи фаъолиятҳои мо чизе нашр намекунанд. Агар зидди ҳизби мо ё зидди Раҳматуллоҳ Зоиров бошад, ҳатто НИАТ “Ховар” ҳам чунин мақолаҳоро чоп мекунад. Лекин агар мо мақолае пешниҳод кунем ба “Ховар”, аслан нашр намекунад.”

Раҳматуллоҳ Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, дасти дарози таъқиби мақомот соҳибкоронро аз ҳар навъ кӯмаки молӣ ба аҳзоби мухолиф хеле метарсонад ва ин аст, ки қариб ҳамаи ташаккулҳои сиёсӣ кисаи хеле ва хеле тиҳӣ доранд ва барои пиёда кардани нақшаҳои худ маблағе намеёбанд. Ба ақидаи раҳбари сотсиал-демократҳои тоҷик, фазои ҳоким бар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон чунон аст, ки аҳзоби мухолиф ҳатто маҷоли нафас кашидан надоранд ва ҳаққи пайравонаш ҳатто ба ҷои корро маҳдуд мекунанд, чӣ расад ба муборизаи комили сиёсӣ:

“Имрӯз дар Тоҷикистон барои мубориза сиёсӣ ягон муҳит мавҷуд нест. Ягон муҳит нест. Давлат ин муҳитро танҳо ба қувваҳое ташкил мекунад, ки пурра тарафдори ҳукумат бошанд. Барои бақия ҳаддалимкон маҳдудият эҷод мекунанд. Намояндаи ҳизби мухолиф, барои мисол, узви ҳизби сотсиал-демократ, ягон вазифаи давлатиро ишғол карда наметавонад. Агар ягон намояндаи давлат, ҳатто дар ниҳодҳои худидоракунии маҳаллӣ, бигӯяд, ки ӯ узви ҳизби мост, ҳамон рӯз сабукдӯш мешавад. Соҳибкори оддиро ҳам, агар эътироф кунад, ки аз ҳизби сотсиал-демократ аст, ба ҳар роҳ банкрот мекунанд. Яъне ҳам аз ҷиҳати сисёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ барои бурдани фаъолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон имрӯз муҳите вуҷуд надорад.”

“Лаззати мубориза дар ҳамин маҳдудиятҳост”

Аммо Ҳумайрои Бахтиёр, шореҳи сиёсии ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” бо интиқод аз чунин заифноливу бечоратарошии аҳзоби мухолиф, ки мегӯянд, давлат барояшон майдони васеъ барои ҷавлон намедиҳад, гуфт, ин баҳонаест хеле забонзада: “Лаззати фаъолияти сиёсӣ шояд дар ҳамин маҳдудиятҳо бошад. Роҳи сиёсат ҳеҷ гоҳ ҳамвор набуду нест. Ва ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ки як гурӯҳи ҳоким худ ба гурӯҳи мухолифаш роҳ кушояд. Ин як худсафедкунист. Пеш аз онки бигӯем, ки давлат роҳи онҳоро басту

Ҳумайрои Бахтиёр

онҳо коре карда наметавонанд, бояд бубинем, ки онҳо худ чӣ ташаббус нишон медиҳанд. Аммо ҳеҷ нашудааст, ки дар қиболи масъалае, агарчӣ ҳизби ҳоким хомӯш аст, садои ҳизби дигари мухолиф шунида шавад. Баъзан Ҳизби наҳзати исломӣ садо баланд мекунаду баъзан ҳизби сотсиал-демократ. Ва он ҳам дар симои раҳбаронашон.”

Бо ин ҳол, масъулини Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, дар як соли охир 25 000 узви ҷадид ба ин ҳизб пайваста, шумори аъзояшро ба 160 000 расондааст. Ин ҳизб соли 1994 дар заминаи ҳизби халқии муовини аввали раиси вақти парлумон Абдулмаҷид Достиев ба миён омада, ба зудӣ бахши бузурги аъзои ҳизби аз аспи қудрат пиёдашудаи коммунистро ҳам “ҳазм” кард.

Китоби ... Кенҷаев дар рӯи мизи мансабдорон?

Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, ба фарқ аз рақибони умдааш, ҳизби ҳоким то ҳол як пойгоҳи возеҳи ақидатӣ пайдо накардааст ва баъид нест, агар ба муҷарради аз даст додани қудрат хайли бузурги аъзояш, ҳамон гуна, ки аробаи бе аспи қудрат мондаи ҳизби коммунистро тарк гуфтанд, дар як они воҳид погонҳои халқӣ-демократии худро бо погонҳои ҳизбе, ки ба қудрат хоҳад расид, иваз кунанд. Ва агар, барои мисол, наҳзатиҳо ба қудрат биоянд, баъид нест, агар ин хайли бузург ҳама рӯ ба ҷойнамозу тасбеҳ биорад ва агар ҳизби сотсиалист, ин ҳама “сотиалист” шаванду китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар рӯи мизи мансабдорони тоҷик ҷангномаҳои Сафаралӣ Кенҷаев, асосгузори фақиди Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон иваз кунад.

Ҳумайрои Бахтиёр, шореҳи сиёсии “Озодагон” мегӯяд, 170 000 узви ҳизби ҳоким ва 60 000 узви қаноти ҷавононаш бо номи “Созандагони Ватан”, албатта, муболиға аст ва бахши аъзамаш ҳам мардумест, ки ба хотири таъқиби аҳдофи хусусие, чун пайдо кардани ҷойи кор ва мақоми муносиб ҷомаи ҳизби коммунистро ба халқӣ-демократӣ иваз кардаанд. Ва ё мардуме, аз ҷумлаи устодони макотиб ё пизишкҳо, ки бидуни пурсидани назари худи онҳо ба ҳизби ҳоким шомилашон кардаанд: “Инки бо ҷои кори давлатӣ таъмин мешаванд, ба таври автоматӣ маънои пайвастан ба ҳизби ҳокимро дорад. Бе пурсиши онҳо ва бе хоҳиши онҳо. Агар имрӯз ё фардо, ҳизби дигаре сари қудрат биояд, ин ҷамъият боз ба ақидаҳои дигар такя зада, ақидаи худро ҳамранги ин гурӯҳи нави ҳоким хоҳад кард. Хатарноктарин ҷамъият ҳам онест, ки ақидаашро чун зуду ба осонӣ иваз мекунад. Гурӯҳе ки худро зуд-зуд ба ин ё он шароит мутобиқ карда, ҳар ақидаи нави ҳокимро зуд мепазирад, барои ҷамъияте, ки узви ягон ҳизб нест ва фориғбол аз ҳама гуна бозиҳои сиёсисту ҳеҷ намехоҳад ба масоили сиёсӣ сарукоре дошта бошад, ҳам хатар ва ҳам зарар дорад.”

Аз давра набароед!

Аммо ба назари аксари таҳлилгарони сиёсӣ, беамалии аҳзоби тоҷикӣ бештар аз як ҷои дигар об мехӯрад ва бармегардад ба тан додани онҳо ба нақши ночиз ва бештар намоишии худ дар саҳна, ки асосан ба хотири ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷилва додани ҳусни таҳаммули Душанбе нисбат ба гурӯҳҳои дигарандеш ва пойбандии давлати Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои демократӣ ва озодиҳои сиёсист. Онҳо мегӯянд, аҳзоб, аз ҷумла гурӯҳҳои мухолифи давлат қоидаҳои шадиди бозиро, ки давлати Тоҷикистон барои онҳо ҷорӣ кардааст, низ пазируфтаанд ва кӯшиш мекунанд, аз доираи барояшон кашидаи мақомот зиёд пой ба берун намонанд, ки мабодо ҷои сояи лутфи давлатро дар болои сари онҳо борони қаҳр гирифта, аз он 1-2 курсии парлумон ҳам, ки дар интихоботҳо барои бархе аҳзоб “ҳадя” мешавад, маҳрум шаванд.

Чунин беамалист, ки ба ақидаи мусоҳибони мо, қишрҳои фаъоли ҷомеаро аз аҳзоби мавҷуда дилгир карда, ба ҷустуҷӯи роҳҳову чаҳорчӯбҳои нави пешбурди фаъолиятҳои сиёсӣ таҳрик медиҳад ва рӯи кор омадани Ҳизби ҷавонони Иззати Амон ё Ҷунбиши миллие, ки дар хориҷ махсус барои интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон сохтаанд, аз ҳамин зовия қобили арзёбист.

Посухи Иззати Амон ба Ришдароз

Аммо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ мегӯяд, аҳзоби сиёсӣ бояд бар пояи ақида сохта шаванд, на дар заминаи омили ҷинси аъзо ё синну сол, ба монанди аҳзоби

Иззат Амон

ҷавонону миёнасолону мӯсафедон ё ҳизби занон. Хабарнигори тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр низ ба муваффақияти тарҳи Иззати Амон шакк дорад, вале асосан ба далели шиорҳои барои қишри ҷавон начандон ҷалбкунандаи ҳизби ҷавонон ва ҳам алоқаи хеле ками ҷавонони тоҷик ба фаъолиятҳои сиёсӣ.

Як шунавандаи мо бо исми мустаори “Ришдароз” тарҳи Иззати Амонро “комсомоли тоҷикӣ” номида, гуфтааст, ӯ ҳам метавонад як ҳизби мӯсафедонро ташкил кунад ва фақат онҳоеро ба узвияташ бипазирад, ки “ришашон сафед асту аз 20 сантиметр дарозтар.”

Чанд хонандаи дигар ҳадс задаанд, ки дар паси ин тарҳ шояд Муҳиддини Кабирӣ ва Ҳизби наҳзати исломии ӯ истода бошанд. Радиои Озодӣ посухи чанд суолро аз худи Иззати Амон пурсид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Иззат Амон