Ӯ дар ҳоле аз ин қасди худ хабар медиҳад, ки дар тобистони гузашта раҳбари ҳизби “Правое дело” интихоб шуд ва аммо баъд аз чанд моҳ дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб миёни аъзои он тафриқа ба амал омад. Ва ӯ аз раҳбарии ин ҳизб канор рафт. Аммо акнун чӣ чиз сармоядори машҳурро водор карда, ки вориди сабқат бо Владимир Путин, ки аксари таҳлилгарон ба пирӯзии шак надоранд, шавад? Ва муҳимтар аз ин ҳам оё сармоядор Прохоров, имкони ба вуҷуд овардани рақобати воқеӣ ва ба чолиш кашидани Путинро дар интихобот хоҳад дошт?
Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Михаил Прохоров дар замони мувофиқ вориди рақобати раёсати ҷумҳурӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, мавҷи эътирозҳои густарда алайҳи «Русияи воҳид» Прохоровро барои ширкат дар интихобот таҳрик дод ва илҳом бахшид: «Прохоров ҳисси нозуки сиёсӣ доштааст ва дарк намуд, ки дар Русия як оппозитсияи қавӣ вуҷуд дорад. Интихоботи Дума нишон дод, ки мухолифони «Единая Россия» зиёд будаанд ва мухолифони тандеми Путину Медведев ҳам. Ҳамин ба Прохоров нури умед бахшид. Ӯ фикр мекунад, ки имкон дорад дар мавҷи бадбиниву эътироз ба Путину Медведев муваффақ шавад.»
Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз таҳлилгарон ва коршиносони рус ҳам ин имконро сарфи назар намекунанд, ки номзадии Прохоров бозии худи Кремл бошад. Бар ҳар ҳол, ҳар чӣ ҳам бошад, Тоҷикистон ҳамеша аз Русия ва таҳаввулоти он сабақ гирифта ва шароити сиёсӣ дар ду кишвар шабоҳатҳои зиёд дорад. Ва оё имкони намунабардорӣ аз номзад шудани як сарватманд ҳам дар Тоҷикистон дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ вуҷуд дорад?
Бо назардошти он ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои маҳдуди сиёсӣ ва молӣ доранд ва ҷомеа ба пазируфтани пешгомии раҳбарони мазҳабӣ омода нест ва ҳам ноқаноатмандии аҳолӣ аз ҳукумати давомдор, вале бетағйири Эмомалӣ Раҳмон афзоиш меёбад, зуҳури "Прохорови тоҷик" аз эҳтимол дур ба назар намерасад. Аммо таҳлилгарон ҳадс мезананд, ин зуҳур бештар дар шароити махсус, аз ҷумла эҳтимоли таҳдид ба моликияти сармоядорони бузург ё тағйири тунди "қоидаҳои бозӣ" дар олами бизнес бар асари маълум шудани "вориси сиёсӣ" имконпазир мегардад.
Ин ҳам дар ҳоле ки теъдоди муайяни сарватмандони бонуфуз кайҳост, дар Тоҷикистон як қишр ё табақаи хосро ташкил медиҳанд ва дар мудирияти "салтанат"-ҳои худ таҷриба андӯхтаанд. Аммо дар гузашта талошҳои ҳар кадом аз онҳое, ки ба сурати ошкоро ва ё нимаошкоро изҳори омодагӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро кардаанд, ба нокомӣ анҷомидааст. Албатта аз ҷумлаи онҳое, ки имкони ба вуҷуд овардани рақобат бо гурӯҳи ҳокимро дошта бошанд.
Дар соли 1999 Қувват Султон ва Сайфиддин Тураев, ду нафаре, ки аз имконоти молӣ бархӯрдор буданд, натавонистанд ҳамчун номзад сабти ном шаванд. Баъдтар Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҲДТ ва раиси пешини «Тоҷикгаз» ҳам, ки даъвои номзадӣ ба раёсати ҷумҳуриро кард, ҳаргиз ин фурсатро наёфт, ки номзад шавад ва ба ҷурми терроризм ва суистифода аз мансаб ва сирқати молӣ ба зиндон рафт. Дар арафаи интихоботҳои гузашта аз тарафи афроди сармоядор таъсис ёфтани расонаҳои ахбори ом ё нишастухези наздики онҳо бо аҳли илму адаб шубҳаҳоеро дар бораи тамоюли онҳо ба ширкат дар интихоботро ангезиш дода буд. Аммо акнун чиро метавон интизор дошт?
Таҳлилгарон мегӯянд, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ки имкони номзад шуданро доранд, аммо аз имкони камтари ба вуҷуд овардани рақобати сиёсӣ бо раиси ҷумҳурии кунунӣ, ки низ ҳаққи номзад шудани дубораро дорад, бархӯрдор мебошанд. Дар чунин шароите, оё сарватманде ҷуръат ва тавони ба майдон ворид шуданро хоҳад дошт?
Раҳматулло Валиев, сиёсатмадори тоҷик мегӯяд: «Ҳизбҳое, ки худро мухолиф мегӯянд, ҲСДТ, ҲНИТ, ҲСТ ва ҲДТ натавонистанд то кунун дар сари масъалаи номзади ягона ба тавофуқ бирасанд. Агар як номзаде аз ҷумлаи сармоядорон аз берун ва беҳизбӣ биояд ва инҳо дар атрофи ӯ ҷамъ шаванд, имкон дорад муваффақ шавад, ки ҳамин нерӯҳоро сарҷамъ кунад дар интихобот.»
Аммо Давлатмурод Ҷумъаев чунини кореро ҳатто дар сурати пеш омадани таҳаввулоти муҳиме ҳам дар Тоҷикистон ғайри мумкин медонанд ва мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба менталитет ва ё тарзи тафаккури ҷомеаи мо, чунин амале баъид ба назар мерасад. Ба ақидаи ӯ ҳизби ҳоким дар ҳолати зарурат чунин шахсеро ба майдон хоҳад овард, ки ҳамчун номзади мустақил битавонад, талоши мухолифонро ноком гардонад. Вале ба ақидаи коршиносони дигар, сарвати бешумор чунин шахсиятҳоро бар пояе бардоштааст, ки мумкин аст, аз ин бозӣ ва ҳам аз ҳимояти аҳзоби сиёсӣ ба беҳтарин шева истифода кунанд ва муваффақ шаванд.
Ба ҳар ҳол, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 баргузор хоҳад шуд, аммо то кунун на танҳо ягон нафар шахсияти мустақил ва ё сармоядор, балки ҳатто раҳбарони аҳзоби сиёсӣ нагуфтаанд, ки барои ширкат дар ин интихобот омода хоҳанд шуд ё не. Сармоядорони тоҷик ҳатто ҷуръати ба сурати ошкоро сармоягузорӣ кардани расонаҳои хабариро феълан надоранд, то дар маркази таваҷҷуҳ ва ба сиёсатолудагӣ муттаҳам нашаванд. Аммо боз ҳам кӣ медонад, шояд таҳаввуле пеш биояд, ки ҷуръати сарватмандонро ҳам афзун кунад.