Таҳримҳои нави ИМА алайҳи Эрон

ИМА Эронро дар пуштибонии "Ал-Қоида" айбдор мекунад

Вазорати молияи ИМА алайҳи вазорати иттилоот ва амнияти Эрон таҳримҳо ҷорӣ намуд. Вошингтон ин ниҳоди ҳукумати Эронро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, нақзи ҳуқуқи башар ва ҷонибдорӣ аз саркӯбсозии эътирозҳои мардуми Сурия айбдор мекунад.

Бар пояи таҳримҳо, аз ин баъд ҳама гуна иртиботи шаҳрвандони Амрико бо вазорати иттилоот ва амнияти Эрон мамнӯъ ва суратҳисобҳояш дар ИМА мунҷамид мешаванд. Кормандони вазорат дигар иҷозаи вуруд ба қаламрави Амрикоро нахоҳанд дошт.

Дэвид Коэн, муовини вазири молия дар умури мубориза бо терроризм, изҳор намуд, ки вазорати иттилоот ва амнияти Эрон аз шабакаи Ал-Қоида, гурӯҳҳои Ал-Қоида дар Ироқ, Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос пуштибонӣ мекунад ва маблағгузории терроризм ба сиёсати давлатии Эрон табдил шудааст.