Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи тундрави “Ҳизбуллоҳ” иттиҳоми Исроилро дар мавриди даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамлаҳо ба дипломатҳои исроилӣ рад кард.
Дирӯз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, изҳор намуд, ки пушти инфиҷори мошини сафорати кишвар дар Деҳлӣ, бомбгузории дигар мошини дипломатҳои исроилӣ дар Тифлис ва ҳамлаи нокоми террористӣ дар Бангкок, пойтахти Таиланд, хадамоти кашфи Эрон ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” истодаанд. Теҳрон даст доштанаш дар ин ҳамлаҳоро қатъӣ рад кард.
Ҳасан Насруллоҳ дирӯз дар ҷамъи ҷонибдоронаш гуфт, ки мусаллаҳони гурӯҳи ӯ барои осеб расондан ба Исроил тарзҳои муассиртар назар ба ҳамла ба дипломатҳоро дар ихтиёр доранд.