Дар Нигерия беш аз 200 нафар, аз ҷумла, чанд узви гурӯҳи исломии “Боко ҳаром”, аз маҳбас фирор карданд. “Боко ҳаром” масъули чанд ҳамлаи террористӣ дар шимоли кишвар дар охири соли гузашта ва ибтидои соли равон маҳсуб мешавад.
Ин гурӯҳ иқрор кард, ки ба хотири раҳоии 7 узви худ ба маҳбас ҳамла намуд ва ба маҳбусон имкон дод, то зиндонро тарк кунанд. Мақомоти Нигерия хабар доданд, ки 25 нафар аз фирориён дубора дастгир шуданд.
Моҳи сентябри соли гузашта бар асари ҳамин гуна ҳамла ба маҳбас тақрибан 700 тан аз маҳбусон фирор карда буданд.