Дар Карелия кормандони пулис дар натиҷаи тафтиши мусофирони як автобус 12 муҳоҷири ғайриқонунии Тоҷикистон ва 3 муҳоҷири ғайриқонунии Узбакистонро боздошт карданд, ки ба самти Санкт Петербург мерафтанд. Аз онҳо 36 ҳазор рубл ҷарима ситонида шуд. Хадамоти муҳоҷирати Карелия мегӯяд, сабти иқомати ин шаҳрвандон ба поён расидааст ва масъалаи истирдоди онҳо ба ватанашон баррасӣ мешавад.