Насли нави сентрифугаҳои эронӣ ба кор андохта шуд

Эрон гуфт, ки насли нав ва босуръати сентрифугаҳоро ба кор андохтааст. Дар суханронии телевизиониаш раиси созмони энержии атомии Эрон Фаридун Аббосӣ гуфт, ки сентрифугаҳои нав тавонмандии Эронро барои ғанисозии уран дар ҳаҷми се баробар бештар афзоиш медиҳад. Хабаргузории Форс мегӯяд, ки сентрифугаҳои нав дар дохили Эрон сохта шуад дар қароргоҳи Натанз ба кор мераванд. Эрон имрӯз ба пуркунии милаҳои ҳастаӣ дар як реактори таҳқиқотии Теҳрон шурӯъ кард. Ҷумҳурии Исломӣ таъкид мекунад, ки бо ҳадафҳои сулҳомез ва илмӣ ғанисозии ураниумро ба роҳ мемонад.