Таҳлилгарон мегӯянд, дигаргуниҳо дар радиои машҳури Русия ба хотири "бастани даҳон" дар интихобот аст.
Сардабири “Эхо Москви” гуфт, ҳадаф аз тағйири ҳайати мудирони ин радиои маъруфи озодандеши Русия назорати шеваи пӯшиши интихоботи 4-уми март дар ин радиост. Алексей Венедиктов афзуд, иқдоми “Газпром-Медиа” – шохаи матбуотии “Газпром, ки 66 дарсади саҳмияҳои “Эхо Москви”-ро дар даст дорад, касби назорат бар пӯшиши интихоботест, ки дар он сарвазир Владимир Путин мехоҳад ба даври севуми раёсат даст биёбад.
Моҳе пеш Путин “Эхо Москви” ва Венедиктовро ба он айбдор кард, ки бо танқиди “шаборӯзӣ”-и ӯ аз манофеи хориҷӣ ҳимоят мекунанд. Номзади миллиардер ба мақоми президентии Русия Михаил Прохоров гуфт, барои ҳифзи мустақилияти “Эхо Москви” омодааст, саҳмияҳояшро аз “Газпром-Медиа” бихарад.
Бо тақозои “Газпром-Медиа”- саҳомдори асосии “Эхо Москви” ҳайати мудирони ин радиои маъруф лағв шуд. “Эхо Москви” аз ин иқдом изҳори таассуф кард. Сардабири радио Алексей Венедиктов гуфт, ӯ ҳам аз ҳайати Шӯрои мудирон хориҷ мешавад, вале ин ба нақши сардабириаш ва ё сиёсати ин расонаи интиқодгӯ таъсире нахоҳад дошт. Раисиҷумҳури пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, МИхаил Горбачёв гуфт, дигаргуниҳо дар радио бо дастури Кремлин ба вуқӯъ пайвастаанд.