Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои Русия. Нигоҳ аз Тоҷикистон


Идомаи раҳпаймоии мухолифон дар Русия то куҷо ба "зиндагии сиёсӣ" дар Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт?

Ба бовари соҳибназарон, ба ҳар делеле, роҳпаймоӣ ва эътирози мухолифон дар Маскав, ки бо шиори "Барои интихоботи шаффоф" ва ё "Русия бидуни Путин" доир шуд, барои Тоҷикистон чӣ дар афкори умумӣ ва ҳам чӣ дар амалкарди давлатдорон асаргузор хоҳад буд.

Аввал ба ин далел, ки Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз ҳамчунон вобастаи Русия аст. Ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи фарҳангӣ. Ҳудуди 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик низ дар Русия асбоби зиндагӣ ва маишати хонаводаҳоро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд ва суботи иҷтимоиро дар кишвар нигаҳ медоранд.

Аз нигоҳи дигар, Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳавзаи иттилоотӣ ва фарҳангии Русия қарор дорад. Ҳарчанд пахши чандин шабакаи телевизионҳои Русия дар Тоҷикистон қатъ шудааст, аммо аз он ҷо ки барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бемӯҳтавост ва мардумро қонеъ намекунад, боз ҳам бинандагон руҷӯъ ба ТВ-ҳои русӣ мекунанд, ки тавассути моҳвора пахш мешаванд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, устоди донишгоҳ ва профессори иқтисод мегӯяд, набояд фикр чунин бошад, ки муҳоҷирон аз Русия фақат пул мефиристанд ва ё меоранд. Балки бояд интизор буд, ки ин артиши бузурги муҳоҷирон вақте фарҳанги эътироз ва талаб аз ҳаққи худро низ ба Тоҷикистон хоҳанд овард. Зеро онҳо шоҳиди таҳаввулот ҳастанд ва хоста ё нохоста ин таҳаввулот дар фикри онҳо таъсир мегузорад.

Профессор Умаров мегӯяд, "роҳбарони қабилаӣ ё клан ё авлод, оқибати ин таҳаввулотро эҳсос намекунанд, ки метавонад ба эътирозҳои умумӣ ва инқилоб анҷом шавад. Аммо мардум, хосса, муҳоҷирони мо, ки 1,5 миллион дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, инро хуб дарк мекунанд. Зеро онҳо бо мардум ва интихоботкунандаҳои Русия гуфтугӯ мекунанд. Дар ҷараёни ҳодиса қарор доранд ва табиист, ки ин гуна тарзи таҳвили қудратро, ки аслан таҳвиле вуҷуд надорад, қабул надоранд. Ман он ҷо будам ва инро медонам. Онҳо ин тарзи фарҳангро бо худ хоҳанд овард."

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия-Плюс" ба ин бовар аст, ки ҳатман ҳар таҳаввулоте дар Русия асаре ба Тоҷикистон хоҳад гузошт, аммо мегӯяд ӯ, мизон ва навҳаи ин асаргузорӣ вобаста ба он аст, ки таҳаввулот дар Русия чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев
Суоли дигар ин аст, ки ин таҳаввулот нерӯҳои сиёсӣ ва мухолифро дар Тоҷикистон барои зиндатар шудан таҳрик хоҳанд дод ва ба давлат дарсе хоҳад шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз пеш омадани бӯҳрон иқдом ба ислоҳот кунад? Марат Мамадшоев мегӯяд, "ин таъсири бузурге ба зиндагӣ дар Тоҷикистон хоҳад гузошт, шояд зиндагии сиёсиро низ дар Тоҷикистон ба ҳаракат биорад. Аммо аз он вобаста аст, ки ин таҳаввулот чӣ натиҷа хоҳад дошт. Мо, албатта, умеворем, ки пеш аз ҳама давлат аз ин таҳаввулот сабақ бигирад ва даст ба ислоҳот бизанд. Мутаассифона, чунин хушбиние наметавонад амалӣ бошад."

Ин андеша ҳам ҷой дорад, ки ҳеҷ таҳаввулоте дар кишварҳои хориҷ ва аз ҷумла Русия наметавонад ба зиндагӣ дар Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, афкори умумии Тоҷикистон аз кишварҳои арабӣ камтар таъсирпазир нест, аммо ҳеҷ таъсире аз инқилобҳои арабӣ напазируфт. Аз ду инқилоби Қирғизистон ҳам ҳеҷ таконе нахӯрд. Пас, ин навбат низ афкори тоҷикон такон нахоҳад дид.

Тоҷикон пас аз хатми ҷанги дохилӣ ва 150 ҳазор кушта дар ин ҷанг, то ҷое афкори умумии худро муҳофизакор ва рамида карда, ғаризаи табиии эътирози инсониро низ дар худ хафа кардаанд. Давлат низ ба ин умед аст, ки мардуми ҷангро пушти сар гузошта дам аз эътироз нахоҳад зад. Аммо насле дар ҳоли бузург шудан аст, ки на ҷангро мешиносду на арзиши сулҳро. Агар эътироз ғаризаи табиии инсонист, ҳамроҳ бо ин насл ҳамчунон бузург мешавад.

Саҳнаҳо аз тазоҳуроти мухолифон дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG