Боздиди генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон

Фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико генерал Уилям Фрейзер рӯзи 13 -уми феврал аз Тоҷикистон дидан намуд. Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, генерал Фрейзер чанде қабл фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико таъйин шуд, ки икмолоти васоили ҷангӣ дар худи Амрико ва тамоми ҷаҳонро сарпарастӣ мекунад. Меҳмони амрикоӣ дар Душанбе бо вазири дифои Тоҷикистон генерал–лейтенант Шералӣ Хайруллоев ва раҳбари Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ генерал Шералӣ Мирзо дидору гуфтугӯ анҷом додааст. Генерал Фрейзер барои ҳамкорӣ ва дастгирии бардавоми Тоҷикистон ибрози ташаккур намуд. Боздиди ин генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафари кории ӯ аз кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Миёна сурат мегирад.