Нируҳои Сурия амалиёти саркӯбро аз сар гирифтаанд

Бино ба гузоришҳо, нируҳои Сурия дар минтақаҳои саркаш амалиётро бар зидди мухолифони худ аз сар гирифтаанд. Амалиёт рӯзи душанбе дар ҳоле оғоз шуд, ки ҳукумати Башор Асад нақшаҳои кишварҳои Ҷомеаи Арабро дар бораи фиристодани нируҳои байналмиллалии посдори сулҳ ба Сурия рад кард. Фаъолон мегӯянд, нируҳои ҳукуматӣ амалиётро дар шаҳрҳои Ҳумс ва Растан ва атрофи шаҳри Димишқ оғоз кардаанд. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия гуфт, қабл аз истиқрори нируҳои хориҷӣ бояд дар Сурия оташбас ба даст ояд:

“Дар қадамаи аввал зарур аст, ки ягон навъ оташбас ба даст ояд”.

Кишварҳои Ҷомеаи Араб мегӯянд, ки бо мухолифони режими Асад бояд тамос барқарор шавад ва барои қатъи нооромиҳои 11 моҳи ахир нируҳои байналмиллалӣ ба Сурия фиристода шаванд.