Вазирони хориҷаи Лигаи Араб имрӯз дар Қоҳира иқдомоти баъдӣ дар пайи нокомии ҳафтаи пеш дар амри тасвиби тарҳи қатъномаи Шӯрои Амниятро баҳс карданд. Тарҳи Лигаи Араб дар СММ ба маҳзи ветои Русияву Чин ба иҷро надаромад. Дар нишасти Қоҳира истеъфои раҳбари ҳайъати нозирони Лига дар Сурия генерали судонӣ Муҳаммад Аҳмад Мустафо Ал-Забӣ пазируфта шуд. Вазири собиқи хориҷаи Урдун Абдулилоҳ Хатиб ба мақоми фиристодаи Лигаи Араб дар Сурия пешбарӣ шудааст. Бо ин ҳол, раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ аз мусалмонони Туркияву Ироқ ва Лубнону Урдун даъват кард, то ба чирикиҳое, ки дар Сурия алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, кумак расонанд.