Мавридҳои нави ришвахоҳӣ дар қазияи Р.Бобоев

Дар парвандаи Рустам Бобоев, як узви куммисиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели ду соли пеш дар шаҳри Кӯлоб чанд мавриди дигари ришвахоҳӣ афзуда шуд. Ин корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб чанде пеш аз сӯи Ожонси мубориза бо фасод бо иттиҳоми 500 доллар ришва хостан аз як осебдида дар ивази қитъаи замин боздошт шуда буд.Рустам Бобоев нахустин мақомест, ки дар робита ба маъракаи рафъи авоқиби сели моҳи майи соли 2010 дар Кӯлоб ба масъулият кашонда мешавад. Дар он офати табиӣ 14 нафар ҳалок шуда, беш аз 600 хонавода аз сарпаноҳ маҳрум шуда буд.