Тсой: "Идораи амнияти Қазоқистонро ба додгоҳ мекашам"

Яков Тсой, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Пули Чархии Афғонистон озод шуда, ба Душанбе омад...

Шаҳрванди Тоҷикистон Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро барои боздошташ дар Кобул муттаҳам донист.
Яков Тсой, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Пули Чархӣ раҳо шуда ба Душанбе баргашт, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро барои боздошташ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Яков Тсой ва ду ҳамроҳи дигари ӯ Ҳасан Отариев ва Ширинбек Искандаров, шаҳрвандони Тоҷикистон, тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх” аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуда буданд. Ширинбек Искандаров бо дахолати раисиҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта аз зиндони Пули Чархӣ раҳо ва ба ватан бозгашт. Аммо Ҳасан Отариев дар зиндон даргузашт ва баъдан ҷасади ӯ ба наздиконаш дар Душанбе дода шуд.

Яков Тсой охирин нафар аз ин гурӯҳ аст, ки аз зиндони Пули Чархӣ озод шуд ва ба Душанбе интиқол ёфт. Вай дар фурудгоҳи Душанбе таассуроташро ин гуна баён кард: "Сухане пайдо карда наметавонам. Забонам аз хурсандӣ намегардад. Аслан интизор надоштам, ки ба суроғам меоянду озод мекунанд."

Радиои Озодӣ: Дар ин ҷо гуфтугузор дар бораи Шумо зиёд буд. Шумо чаро ба Афғонистон рафтед? Мегуфтанд, ки бо худ маводе доштед барои силоҳи ҳастаӣ, оё ин гапҳо дурустанд?

Яков Тсой: "Маро аз Кумитаи амнияти Алматӣ фиристоданд. Раиси ин Кумита Карим Борисов аст. Бо супориши ӯ ман ба Кобул рафтам, то бо як англис вохӯрам. Ва ин вохӯрӣ севуним сол идома кард. Ҳам афғонҳо ва ҳам амрикоиҳо аз ман мепурсиданд, ки ман чӣ овардаам. Ман хаттӣ ба муфаттишон навишта будам, ки ба Кобул танҳо бо як коғаз ворид шудаам. Муфаттишон мегуфтанд, ки ту таҷҳизоти ҳастаӣ овардаӣ. Ба онҳо гуфтам, ки Шумо тасаввур мекунед, ки ин чӣ аст. Бинависед, ки бомба овардам. Ҳатто набераи чорумхони ман медонад, ки тариқи тайёра овардани бомба имкон надорад."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки Шумо дар кадом як бонки Аморати Муттаҳидаи Араб пули бисёре доред...

Яков Тсой: "Бале, дуруст аст. Дуруст аст."

Радиои Озодӣ: Бо ин пулҳо чӣ кор хоҳед кард?

Яков Тсой

Яков Тсой: "Ин пулро аз ман Кумитаи амнияти Алматӣ гирифт. Ана, ин ҳақиқатест, ки ман барои чӣ зиндонӣ шудам. Аз пушти ҳамин чек онҳо маро ба Кобул фиристоданд. Ҳамон англис (Ви ҷей) ҳам як моҳ баъд гуфта буд, ки акнун асли корро фаҳмидааст ва мекӯшад, ки қазияро таҳқиқ кунад. Ман аз ӯ пурсидам, ки ман то кай ин ҷо мемонам. Вай гуфт, инро инҳо, яъне афғонҳо медонанд."

Радиои Озодӣ: Акнун чӣ кор хоҳед кард? Ба Қазоқистон меравед ё ин ҷо мемонед?

Яков Тсой: "Ман шаҳрванди Тоҷикистонам. Шиносномаи маро дар Афғонистон амрикоиҳо гирифта буданд. Барои худ шиносномаи нав мегирам. Бо кӯмаки Шумо - рӯзноманигорон ба додгоҳ аз ҳукумати Алматӣ шикоят хоҳам бурд. Ба Назарбоев мактуб менависам. Ин кори онҳост, ки мо се нафар бегуноҳ зиндонӣ шудем. Ҳасан ба ҷурми онҳо мурд. Ман ба Виҷей гуфта будам, сад дар сад боварӣ дорам, ки Карим Борисов маро ба шумо фурӯхтааст. Вай гуфт, ки сад не, ҳазор дарсад."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки расид ё чек доштед. Оё ҳамон дар ихтиёри Шумо ҳаст? Чӣ қадар пул дошт?

Яков Тсой: "Чекро аз ман гирифтанд. Сесад миллион доллар пул дошт."

Радиои Озодӣ: Шумо онро баргашта гирифтаниед?

Яков Тсой: "Не, ман онро гирифтан намехоҳам. Ман барои бегуноҳ зиндонӣ шудани се нафар, барои он ки Ҳасан мурд, Ҳасанро онҳо куштанд. Мехоҳам адолат барқарор шавад ва муҷримон ҷазо бинанд. Барои пул не, танҳо ҷазо додани онҳо. Ба чӣ ҷурм моро шинонданд."

Радиои Озодӣ: Бо олами беруна, маслан, хешу таборатон робита доштед?

Яков Тсой: "Телефон доштам. Бо ҳамсарам сӯҳбат мекардам. Аммо фақат сӯҳбатҳои байнихудӣ. Чун дар бораи худам сӯҳбат мекардам, як касе дар хат ҳамроҳ мешуд, рӯйрост мегуфт, ки сӯҳбатро бас кун. Телефонамро гӯш мекарданд. Дар ин муддат писарам вафот кард."

Радиои Озодӣ: Вазъи зиндони Пули Чархӣ, ки он ҷо будед, чӣ тавр буд?

Яков Тсой: "Он ҷо вазъ бисёр вахим аст. Калимаи башардӯстиро аслан намедонанд. Ҳомид Карзай аз 62-солаҳо болоро авф кард. Ман фикр кардам, ки албатта, ба мани 70-сола ин рабт хоҳад дошт. Аз куҷо? Аз 70-сола болоро авф карданд. Аммо ба ман дахл надошт. Ана, чӣ гуна ба инсон муносибат мекунанд. Он ҷо ҳатто кӯрҳо, маслуқҳо, ки баазоб роҳ мегаштанд, буданд. Ақли кас намегирад."