Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қазияи боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистонро, ки дар бархе аз нашрияҳо бозтоб ёфта буд, "фаротар аз ҷангҷоли як кишвар ва минтақа" хонд.
Мақомот интиқоди бархе аз нашрияҳо дар ин бора, ки гӯиё Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Кобул нисбати сарнавишти ин се тоҷики боздоштшуда бетавофут будаанд, рад кард. Онҳо мегӯянд, аз замони боздошти ин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамакнун як тани онҳо раҳо шудаву як тани дигарашон фавтида ва танҳо як нафари онҳо дар зиндони “Пули Чархӣ” аст, дар ҷараёни ин қазия қарор доштанд.
Ширинбек Искандаров, Ҳасанбек Отараев ва Тсой Яков, се шаҳрванди Тоҷикистон тобистони соли 2008 бо гумони қочоқи се кило маводи кимиёии “симоби сурх”, ки 300 миллион доллар арзиш доштааст, аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт мешаванд.
“Сухан дар бораи ҷинояти ниҳоят сангин дар таркиби гурӯҳи муташаккили ҷиноии пайванд бо гурӯҳи бузурги муташаккили ҷиноии трансмиллӣ меравад. Қобили ёдоварист, ки симоб барои силоҳи ҳастаӣ истифода мешавад ва қочоқи он ҷинояти ниҳоят вазнин маҳсуб мешавад”,-омадааст дар посухи Вазорати умури хориҷа.
Ширинбек Искандаров, маҳбуси собиқи “Пули Чархӣ” танҳо бо дахолати раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиндон раҳо ёфта ва ба ватан бозгаштааст. Ӯ дар суҳбат ба нашрияҳои Душанбе гуфтааст, онҳо барои роҳандозии тиҷорат, яъне бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Афғонистон ба он кишвар сафар карда буданд, на чизе дигар.
Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, “дар асл ҳеҷ кадом аз ин се нафар на ба сохтмон сару кор гирифтаанду на ягон ширкати сохтмонӣ доранд. Яке духтур, дигарӣ нафақахӯр ва сеюмӣ ҷойи кори муайян надорад. Бино ба маълумоте, ки рӯи даст аст, онҳо на барои роҳандозии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, балки барои амалҳои ғайриқонунии дигар рафтаанд.”
Бо ин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои масъул ва сафорати ин кишвар дар Кобул талошҳои худро барои поин овардани муҳлати зиндони шаҳрванадони худ дар “Пули Чархӣ” анҷом додааст.