Бино ба хабари CA-NEWS, дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Аслиддин Раҳматов-муовини додситони ноҳияро кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод ба эҳтимоли гирифтани ришва боздошт кардаанд. Ин намунаи дуввум аст, ки кормандони додситонӣ бо ин иттиҳом боздошт мешаванд. Моҳи январ кормандони ин ожонсӣ Меҳроҷ Бобомуродов-корманди додситонии вилояти Суғдро боздошт карда буданд. Дар соли 2011 9 нафар кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон барои ришваситонӣ боздошт шуда буданд.