Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистон бориши кӯтоҳмуддати барф ва борон пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар Душанбе дар нимаи аввали рӯз бориши омехтаи барфу борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво рӯзона 1-5 дараҷа гарм, шабона то 2 дараҷа сард мешавад.
Дар Хуҷанд рӯзона борон меборад. Ҳаво 5-7 дараҷа гарм мешавад, вале шабона ҳарорат ба сифр мерасад.
Дар Қурғонтеппа бориш дар назар нест. Ҳаво нимаофтобиву нимаабрӣ хоҳад буд. Рӯзона 4-7 дараҷа гарм, шабона мисли Хуҷанд ҳарорат ба сифр мерасад.
Дар Кӯлоб дар нимаи аввали рӯз бориши борон дар назар аст. Ҳаво то 7 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорат ба сифр баробар мешавад.
Дар Хоруғ рӯзона барф меборад, вале шабона қатъ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 4 дараҷа сард, шабона то 17 дараҷа сард хоҳад шуд.