Дар шаҳри Ҳумси Сурия амалиёти низомӣ ба хотири саркӯбсозии нерӯҳои зиддиҳукуматӣ идома дорад. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, амалиёт мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шудааст.
Гуфта мешавад, ки низомиён маҳаллаҳои шаҳҳро аз тонку тӯп ва миномётҳо тирборон мекунанд. Ҳумс аз марказҳои асосии муқовимат бо ҳукумати Башор Асад аст.
Ҳайати мухолифини Сурия имрӯз дар Пекин бо муовини вазири умури хориҷии Чин Чжай Тзюн музокирот анҷом дод.
Сухангӯи вазорати хориҷии Чин Лю Вэймин ба хабарнигорон гуфт, ки Пекин бо гурӯҳҳои мухолифин дар Сурия дар тамос хоҳад буд.
Охири ҳафтаи гузашта Чин ҳамроҳ бо Русия ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бо талаби истеъфои раҳбари Сурия Башор Асад вето гузошта буд.