Пажӯҳишгарони амрикоӣ мусулмонони тундгарои ин кишварро таҳдиди бузург намешуморанд.
Як гурӯҳи коршиносон аз иёлати Каролинаи Шимолӣ иброз доштаанд, ки хавфи афзоиши ҳамлаҳои террористии мусулмонони зодаи Амрико воқеӣ набудааст. Ин гурӯҳ таъкид мекунад, ки дар ду соли гузашта шумораи ин гуна ҳамлаҳо коҳиш ёфтааст.
Рӯзи ҳаштуми феврал пажӯҳишгарони Иёлоти Муттаҳида иброз доштанд, ки соли 2011-ум 20 мусулмони зодаи ин кишвар бо иттиҳоми тарҳрезӣ ва ё ширкат дар ҳамлаҳои хушунатбор ба ҳабс гирифта шудаанд. Барои муқоиса метавон хотирнишон кард, ки соли 2010-ум 26 мусулмони зодаи Амрико бо чунин айбнома муттаҳам шуда буданд.
Чарлз Курзман, устоди илми ҷомеашиносии донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ ва муаллифи гузориши Маркази сегонаи терроризм ва амнияти дохилӣ мегӯяд, соли гузашта дар Амрико 14 ҳазор ҳодисаи куштори инсон ба қайд гирифта шуд, ки аз ин байн ягон ҳамла бо ифротгароии исломӣ иртибот надорад.
Курзман меафзояд, дар байни мусулмонони амрикоии муттаҳам бо терроризм низ наметавон гуфт, гурӯҳи этникии мушаххасе пешдастӣ дорад. Шаш нафар аз муттаҳамҳо арабтабор, панҷ нафар сафедпӯст, се нафар сияҳпӯст ва ду нафар мусулмонони амрикоии эронитабор ҳастанд.
Муаллифи гузориш ҳамчунон хотирнишон мекунад, ки 40 дарсади мусулмонони амрикоӣ, ки дар соли 2011-ум бо иттиҳоми терроризм дастгир шудаанд, аслан дар оилаҳои ғайримусулмон ба дунё омада, аз динҳои дигар ба ислом рӯ овардаанд.
Авҷи ҳамлаҳои хушунатбори мусулмонони зодаи Амрико ба соли 2009-ум рост меояд. Он замон майор Низол Ҳасан, равоншиноси воҳиди низомии Форт Ҳуди иёлати Тексас 13 ҳамхидматашро ба қатл расонд. Дар пайи он, соли 2010-ум Файсал Шаҳзод ном мусулмони амрикоишуда бо айбномаи кӯшиши бомбгузории мошин дар майдони Тайм Сквери Ню Йорк боздошт шуд. Дар додгоҳ Шаҳзод худро гунаҳгор номид, вале афзуд, ки ин посух ба ҳамлаи Амрико болои кишварҳои исломӣ мебошад.
Қазияҳои ёдшуда боис гардиданд, ки Конгресс таҳқиқу арзёбии нақши мусулмонони зодаи Амрико дар ҳамлаҳои террористиро матраҳ кунад. Ба қавли муаллифони таҳқиқот мусулмонони Амрико, ба ваҷҳи умум, маълумоти олӣ доранду даромади онҳо аз миёна болотар аст ва онҳо ба паёмҳои шабакаҳои террористии ал-Қоида гӯш намедиҳанд.
Профессор Курзман хулоса мекунад, аз байни он мусулмононе, ки ба ин гуна паёмҳои террористон таваҷҷӯҳ доранд, шумораи хеле хурде салоҳияти терҳрезиву татбиқи ин гуна ҳамлаҳоро доранд ва муҳимтар аз он агар кадоме аз онҳо дар пайи иҷрои амали даҳшатбор шавад ва эҳтимоли зиёд аз назари мақомот дур нахоҳад монд.