Шаҳри Маскав ба феҳристи шаҳрҳои дорои ҳавои олуда дохил шудааст. Ба шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво 36 шаҳр, аз ҷумла Азов, Барнаул, Волгоград, Твер ва амсоли он дохил шудаанд. Вазорати ҳифзи муҳити зисти Русия гузориши худро дар ин бора бо таъхир ба чоп расондааст. Қарор аст ин гузориш дар охири моҳи март ба нашр расад.