Тӯраҷонзодаҳо акнун танҳо як шарти оштӣ доранд

Тӯраҷонзодаҳо шартҳои мусолиҳа бо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзодаро кам, вале қавитар карданд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода рӯзи чаҳоршанбе гуфт, агар ҳамаи аъзои Шӯрои уламо ҳақиқати имзои худро дар зери қарори марбутаи ин ниҳод тасдиқ кунанд, вай омода хоҳад буд, аз даъвояш бо раиси шӯро Саидмукаррам Абдулқодирзода гузарад. Баҳс бар сари он қарори Шӯрои уламост, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба шиъагароӣ айбдор карда, сабаби шикояти бародарон ва муҳокима дар додгоҳ шудааст.

Дар ҷаласаи аввали додгоҳ бародарони Тӯраҷонзода дар посух ба пешниҳоди оштӣ се шарт гузошта буданд, (1) қарори Шӯрои уламои маркази исломӣ бекор шуда,, раҳбари шӯро аз онҳо узрхоҳӣ кунад. Дувум, масҷиди "Муҳаммадия", ки фаъолияташ маҳдуд шудааст, дубора ба унвони масҷиди ҷомеъ фаъол гардад. Сеюм, бародарон -- Маҳмудҷон ва Нуриддин Тӯраҷонзодаҳо дар мақоми пешинаи худ, яъне имомхатибии масҷиди "Муҳаммадия" барқарор шаванд. Аммо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки барои баррасии ин шартҳо 10 рӯз фурсат хоста буд, эълом дошт, ки онҳоро намепaзирад.

Рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми февралҷаласаи навбатии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон бо эълони шарти нави бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба поён расид.