Эрон гуфтааст, ки бо талошҳои дипломатии Туркия ёздаҳ эроние, ки дар Сурия рабуда шуда буданд, раҳо шуданд.
Вазорати умури хориҷии Эрон эълон кардааст: «Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи сешанбе дар тамоси телефонӣ бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, хабари озодии 11 шаҳрванди рабудашудаи эронӣ дар Сурияро эълом кард.»
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои Туркия гузориш додаанд, ки эрониёни рабудашуда дар наздикии марзи ин кишвар раҳо шуда бо гузаштан аз марз, вориди хоки Туркия шуданд. Ин ёздаҳ нафар дар деҳае дар ҷануби Туркия ба қароргоҳи пулис интиқол дода шудаанд.
Хабаргузориҳои Эрон навиштаанд, ин афрод тавассути як гурӯҳ бо номи «Артиши озоди Сурия», ки аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Башор Асад мебошад, рабуда шуда буданд.
Як ҳафта қабл консули сафорати Эрон дар Сурия аз рабуда шудани 11 зоири эронӣ хабар дод. Пеш аз ин, вазорати умури хориҷии Эрон хабари рабудани шудани боз 11 нафари дигар дар Сурия аз сӯи афроди мусаллаҳро эълон карда буд.
Дар ҳамин ҳол Идораи пулиси муҳоҷират ва гузарномаи Эрон аз зоироне, ки қасди сафар ба Сурияро доранд, хостааст аз тариқи ҳавоӣ ё дар ҳайати корвонҳои зоирони таҳти назари давлат ба ин кишвар сафар кунанд.
Эрон аз пуштибонони аслии ҳукумати Башор Асад дар минтақа маҳсуб мешавд ва мухолифони ҳукумати Сурия Эронро ба ҳамкорӣ дар саркӯби эътирозгарон дар ин кишвар муттаҳам мекунанд. Аммо Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст.