Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти снайперҳои эронӣ дар Сурия


Акс аз навори видеоии мухолифони Сурия.
Акс аз навори видеоии мухолифони Сурия.

Расонаҳои арабӣ мегӯянд, шӯришиёни Сурия дар Ҳумс панҷ тирандози эрониро асир гирифтаанд.

Намояндаи гурӯҳи мусаллаҳи шӯришиёни Сурия бо номи Артиши Сурияи Озод ба рӯзномаи «Asharq Al-Awsat» гуфтааст, ки ҳафтаи гузашта дар Ҳумс ҳафт снайпер ё нишонзани эронӣ боздошт шудаанд. Ин иттилоъро сарҳанг Малик ал-Курдӣ, муовини фармондеҳи Артиши Сурияи Озод пахш кардааст. Вай мегӯяд, ки панҷ нафар аз онҳо винтовкаи снайперӣ доштанд.

Ба ҳайси далел ошӯбгарон навори видеоро паҳн карданд, ки дар он панҷ нафар ва шиносномаҳои эронии онҳо намоиш дода мешаванд. Яке аз онҳ ба забони форсӣ мегӯяд: "Ман -- Саҷҷод Амириён, узви Сипоҳи посдорони... инқилоб. Ман ба гурӯҳе сарварӣ мекардам, ки бояд ошӯбҳо дар Ҳумсро саркӯб мекард. Мо мустақиман зери фармони ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия дар Ҳумс будем. Ман аз ҷаноби Хоманаӣ хоҳиш мекунам, ки ба хотири озодии мо фавран бо Артиши Сурияи Озод вориди музокира шаванд."

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Вазорати умури хориҷии Эрон ҳафтаи гузашта аз рабуда шудани 7 инженер дар моҳи декабр дар Ҳумс ва 11 зоири эронӣ дар моҳи январ дар наздикии Димишқ хабар додааст. Иттифоқан акси муҳандисонро, ки идораи умури хориҷии Эрон нашр кардааст, бо видеое, ки шӯришиёни Сурия пахш намуданд, шабоҳати зиёд дорад ва маълум нест, бозддоштшудагон муҳандисонанду шӯришиён аз онҳо бо аҳдофи таблиғотии худ сӯистифода мекунанд ва ё баръак тирандозҳо зери пӯшиши муҳандисӣ ба Сурия фиристода шудаанд.

Мақомоти расмии Сурия дар мавриди ин хабарҳо изҳори назар накардаанд. Сурия аз шарикони наздики Эрон дар Ховари Миёна мебошад. Гурӯҳҳои зидди раисиҷумҳури Сурия Башор Асад Теҳронро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё дар саркӯби норозиён ба режими Асад кӯмак мерасонад.
XS
SM
MD
LG