Амрико мегӯяд, шак дорад, ки Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ба ваъдаи худ дар бораи қатъи нооромиҳо вафо кунад. Башор Асад дар ин бора дар Димишқ ба Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия қавл дод. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Асад 11 моҳ вақт дошт, то ба ин нооромиҳо хотима бахшад, вале нооромиҳо то ҳол идома дорад:
“Хуб аст, агар дар воқеъ Асад аз хатми нооромиҳо ҳимоят мекунад, вай медонад, ки имрӯз чӣ кор кунад, кореро, ки вай 11 моҳ нодида гирифта буд. Вай ҳамлаи нируҳояш ба шаҳрҳои бегуноҳ дар саросари Сурияро метавонад муттаваққиф созад”.
Дар ҳамин ҳол, Фаронсаву Италия, Британияву Белгия, Голландияву Испания аз кишварҳое мебошанд, ки ахиран сафирони худро аз Сурия фаро хондаанд.