Таронае бо ситоиши Путин -- ба тарафдорӣ ё зид?

Толибҷон Қурбонхонов

Шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки дар он аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешавад.
Таронаи Толибҷон Қурбонхонов дар шабакаҳои интернетӣ "сайр" ва баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст. Ҳарчанд сароянда шаҳрванди Тоҷикистон хонда мешавад, то манобеи дақиқе тоҷикистонӣ будани ӯро тасдиқ накардаанд. Ин таронаи Қурбонхонов "ВВП" ном дошта, дар ситоиши нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар Владимир Путин гуфта шудааст.

Таронаи Қурбонхонов дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳи истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия наздик аст ва ҳам норизоиятҳо аз Путин меафзояд.

Аз торнамои "Питер ТВ" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин навори таронаи Толибҷон Қурбонхоновро аз шабакаи Ютюб дарёфт кардаанд. Онҳо мегӯянд, агарчӣ таронасаро барояшон "ношинос" аст, аммо маълум аст, ки навор дар Маскав гирифта шудааст.

Дар зери навори видеоии таронаи Толибҷон Қурбонхонов аксарият назари худро ҳам навиштаанд. Бархе аз онҳо гуфтаанд, ки "довталаби нав ба "Евровидение" пайдо шуд."Бархи дигар раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодировро муаллифи матн номида, бо истеҳзо гуфтаанд, акнун дар бораи Путин як "Рӯҳнома" навишта хоҳад шуд.

Дар баҳсҳои сиёсӣ баъзеҳо ин суолро ҳам додаанд, ки "барои ин тарона оё аз ситоди интихоботии Владимир Путин маблағ пардохт шудааст ё на."

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз корбарони Ютюб ба ин боваранд, ки наворро мухолифони Путин ҳадафмандона барои беобрӯ кардани ӯ дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия омода кардаанд.

http://www.youtube.com/embed/RcnQ9imDrWk?rel=0

Бархи дигар аз ширкаткунандагони баҳс ин навори видеоиро "посухи ҳамвазн" ба таронаи десантчиёни собиқи Русия номидаанд, ки дар таронаи худ Путинро шадидан танқид кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Десантчиёни собиқ зидди Путин