Ин тамоюл сол ба сол рӯшантар мешавад ва на танҳо коршиносон, балки мардуми оддӣ ҳам ба он ишора мекунанд.
Акнун мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба масҷидҳо мераванд, ҷавонон машғули омӯзиши фарзиёти диниянд ва бисёриҳо талош мекунанд, огоҳии худро аз Қуръону суннат нишон диҳанд.
Таваҷҷӯҳ ба мавъиза ё "амри маъруф"-и рӯҳониён ба маротиб афзудааст. Дар ҳоле ки як қисми аҳолӣ мехоҳанд, дар дин барои худ "ҷазираи осоиши ботинӣ" пайдо кунад, афроде ва пеш аз ҳама ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро, аз ҷумла "Ҳизби Таҳрир", Ҳаракати Исломии Узбакистон, "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва ғайра майл мекунанд.
Тундравиҳо дар гароиш ба дин мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст, ки аз ҳар роҳе мехоҳанд ҷилави густариши дин дар Тоҷикистонро бигиранд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин самт байни диндорӣ ва истифодаи ситезаҷӯёна аз дин фарқ гузошта намешавад. Аз ин дидгоҳ, қонунҳои нави марбут ба дин ва масъулияти волидайн, ки порлумони Тоҷикистон қабул кард, аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ танқид шудаанд.
Яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар ин пурсиши видоеӣ мегӯяд, ин талошҳо тазоди "меваи мамнӯъ"-ро ба миён оварда, баръакс майли мардумро ба дин бештар кардаанд. Аммо сухангӯи дигар изҳор доштааст, ки ин иқдом муҳим аст, то аз "лағжидани ҷомеа ба ифроту тафрит" пешгирӣ кунад. Ба ҳар тартиб дар ин пурсиш дар хиёбонҳои Душанбе ақидаҳои гуногуне дар бораи мазҳабитар шудани ҷомеаи тоҷик садо медиҳанд. Дархости мо аз Шумо ин аст, ки ин наворро бубинеду назари худро бинависед, ки то куҷо ҷомеаи Тоҷикистон мазҳабӣ шудааст, ин худ чӣ падида аст ва сабаб ё сабабҳои он кадомҳоянд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад