Намояндагони порламони Аврупо аз Русия боздид мекунанд

Имрӯз намояндагони Маҷмаи порламонии Шӯрои Аврупо барои арзёбӣ аз омодагӣ ба интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурии Русия вориди Маскав мешаванд. Раҳбарии ҳайати намояндагони Аврупоро Тини Кокс бар ӯҳда дорад. Дар ҷараёни боздиди чаҳоррӯзаи худ ҳайати намояндагон бо Владимир Чуров-раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ ва Владимир Лукин-омбудсмени Русия ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот хоҳанд кард. Мулоқот бо номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Владимир Путин низ ба нақша гирифта шудааст.