Мир Давлатови 64-сола шаҳрванди Тоҷикистон раиси идораи қозиёти ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетси Русия интихоб шуд. То ҳол вай дар ин идора мудири корҳои ташкилӣ буд. Давлатов акнун дар ин ҳавза се сол раҳбарии мусулмононро бар ӯҳда хоҳад дошт. Мир Давлатов дар Тоҷикистон дар донишгоҳ таҳсил кардааст ва муҳандиси сохтмон мебошад. Вай соли 1996 дар дар ин ҳавза масҷиди Ноябрскро сохт ва ҳоло он масҷиди ҷомеи маҳал шинохта шудааст. Давлатов кор намекунад ва бознишаста аст. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.