Амрико дипломатҳои худро аз Сурия фаро хонд

Амрико ҳамаи дипломатҳои худро аз Сурия фаро хонд дар ҳоле, ки Британия сафири худро аз Димишқ-пойтахти Сурия ба Лондон даъват кардааст, то дар бораи роҳҳои қатъи нооромӣ дар он кишвар машварат кунад. Роберт Форд-сафири Амрико дар Димишқ ва дипломатҳои дигари ин кишвар рӯзи душанбе Сурияро тарк карданд. Дар ин рӯз дар ҳамлаҳои нави нируҳои ҳукуматии Башор Асад 50 нафари дигар кушта шуданд. Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия гуфт, ки сафири Сурия дар Британия ба вазорат эҳзор шудааст ва дар ин бора бо вай гуфтугӯ кардаанд ва вайро огаҳ кардаанд, ки сафири Британия аз Димишқ барои машварат ба Лондон даъват шудааст.