Ба кӣ монанд будан мехоҳед?

Ҳоло бештари наврасони тоҷик ба касе монанд будан мехоҳанд, ки зиндагии ором, обрӯ ва ҷойи кори сердаромад дорад.
Наврасӣ замони орзуҳост ва ҳар нафар дар ин айём худро дар ҷомаи шахсиятҳои бузург тасаввур мекунаду бо ҳар роҳ мехоҳад ба онҳо монанд бошад.

Фардо оё он наврасон аз роҳи идеалҳои худ мераванд ё на, вақт доварӣ хоҳад кард. Аммо ин орзуи монанд шудан ба як нафари маъруф ва ё таърихист, ки наврасонро ба пеш роҳнамоӣ мекунад ва ба онҳо илҳом мебахшад.

Бархе аз онҳо мегӯянд, ситораҳои синамо, варзиш ва мусиқӣ аз чеҳраҳое ҳастанд, ки барояшон идеал маҳсуб мешаванд. Агар дар замони Шӯравӣ аксар кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон ба филмҳои ҳиндӣ ва қаҳрамонҳои онҳо муҳаббат доштанд, ҳоло Минду, Йигит ва Наҷибсардор - бозигарони филмҳои туркӣ дар байни наврасон шӯҳрат доранд.

Соҳибназарони тоҷик ҳам мегӯянд, идеали наврасони имрӯзаи тоҷик аз ҷавонони замони Шӯравии пешин фарқ дорад. Яъне, агар дар гузашта барои қаҳрамон шудан ва меҳнати софдилона кардан талош меварзиданд, ҳоло ҳадаф танҳо ҳарчӣ зуд ба даст овардани обрӯ, тиҷорат ва ҷойи кори муносиб аст. Дигар он қаҳрамонҳое, ки бо арақи ҷабин як бурида нони худро меёфтанд зоҳиран аз "мӯд" мондаанд.

Видеожурналисти "Озодӣ" низ талош кардааст, дар сӯҳбати сарироҳӣ аз навҷавонони тоҷик бипурсад, ки идеали онҳо дар зиндагиашон кист. Бештари посухдиҳандагон гуфтаанд, ба падару модари худ монанд буданд мехоҳанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, волидонашон дар ҷойҳои хуб кор мекунанд.

Ин наворро бубинеду дар бораи идеали худ ба мо бинависед. Шояд идеали Шумо ҷолиб ва аз идеали ҳамсӯҳбатони мо мутафовит бошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идеали Шумо дар зиндагӣ кист?