«Бибиямро баргардонед» - ин сужаи танҳо яке аз филмҳои бачагонаи даврони Шӯравист, ки қарор аст,дар рӯзҳои таътили тобистона барои кӯдакони тоҷик пешниҳод шавад.
Дар ҳафтаи филмҳои бачагонаи Шӯравӣ, аз миёни филмҳои бешумор танҳо 10 беҳтарин, ки тараннумгари меҳанпарастӣ, дӯстиву садоқат ва ба ташаккули арзишҳои маънавиву ахлоқии насли наврас мусоидат мекунанд, барои намоиш интихоб шудаанд. Ин иқдом барои нахустин бор аст, ки дар пойтахти кишвар ва бо мусоидати раҳбарияти Кохи Тоҷикистон рӯи даст гирифта мешавад.
Амриддини Камолзода, муҳандиси синамо дар кохи Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо мехоҳанд, тариқи филмҳои бачагона дар зеҳни кӯдакони тоҷик ҳисси зебопарастӣ, тафаккури интиқодӣ ва масъулиятшиносиро бедор кунанд. Аммо дар мавриди он, ки чаро интихоби онҳо маҳз рӯи филмҳои Шӯравӣ афтод, Амриддини Камолзода мегӯяд, чунки онҳо захираи дигари филми бачагонаро надоштанд.
Ба гуфтаи Амриддини Камолзода, онҳо ин филмҳои бачагонаро аз хазинаи киностудияи тоҷик пайдо кардаанд, ки аксарият бинобар нигоҳ нашудан дар шароити мусоид сифат ва кайфити худро аз даст додаанд. Ҳатто ҳангоми намоиши филми «Бибиямро баргардонед», мусоҳиби мо маҷбур шуд, чанд бор чароғро рӯшан карда, лентаи кандашударо пайваст кунад.
Ба ҳар сурат, филмҳои бачагонаи даврони Шӯравӣ то ҳанӯз миёни кӯдакони тоҷик низ бо завқи зиёд тамошо мешаванд. Маслан Рӯшана, як ҳамсӯҳбати хурдсоли ман, мегӯяд, ҳамеша ин филмҳоро ба шавқ нигоҳ мекунанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Амриддин Камолзода, муҳандиси синамо дар Кохи Тоҷикистон, мегӯяд, кайҳо вақти он расидааст, ки Тоҷикистон низ ба мисли дигар кишварҳо филмҳои бачагона истеҳсоли худиро мутобиқ ба завқи имрӯзи кӯдакон ба навор бигирад.
Дар ин робита Бахтиёр Қаҳҳоров, мултипликатори тоҷик, набуди филмҳои бачагонаро дар Тоҷикистон ба хунукназарӣ ва беаҳмиятӣ филмсозони тоҷик марбут медонад.
Аммо ҳунармандони собиқадори синамои тоҷик мегӯянд, ки набуди маблағи давлатӣ барои таҳияи филмҳои нави кӯдакона боиси он гардидааст, ки бо вуҷуди 18 соли истиқлолият филмҳои наву дархӯрди завқи имрӯзаи кӯдакон таҳия нашудаанд.
Муҳаммадҷон Шодиев, ҳунарманди тоҷик, мегӯяд, чанд соли пеш аз рӯи асари Кароматулло Олимов филми телевизионии «Дар орзуи падар» таҳия шуд, ки қаҳрамони хурдсоли он Меҳрубон то як муддате миёни насли ҷавони тоҷик бо далерӣ, ношикастапизирӣ ва ғуруру таҳамулпазирӣ маҳбуб буд. Аммо ҳамин филм низ, ба гуфтаи Муҳаммадҷон Шодиев, бо маблағҳои худи онҳо рӯи навор омадааст.
Муҳаммадҷон Шодиев аз ҷумла афзуд, ҳарчанд дар кишварҳои дигар мушкили филмсозон набуди мавод аст, аммо адабиёти тоҷик пур афсонаҳои ҷолиб аст, ки метавон даҳҳо филм гирифт. Вале бо ин ҳама, мегӯяд Муҳаммадҷон Шодиев, то ҳанӯз кӯдакони тоҷик симои каҳрамони миллии худро надоранд.
Дар ҳамин зимн Азизи Азиз, нависандаи хушзавқи тоҷик, мегӯяд, талош дорад солҳои наздик симои як каҳрамон офарад, ки барои кӯдакони тоҷик ба мисли як идеал хизмат кунад
Бо ин ҳама студияи “Тоҷикфилм” наворбардории филми ҷадидеро барои кӯдакон таҳти унвони "Баҳори як кӯча" оғоз кардааст. Филмномаи онро Гулназар Келдӣ, шоири мардуми Тоҷикистон, аз рӯйи асари Ғаффор Мирзо бо номи "Набера" навиштааст ва нақшҳои аслиро дар ин филм кӯдакон иҷро хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки “Тоҷикфилм” пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ буд ва солҳои тӯлонӣ тавлиди филм надошт.