Лавров: Қатъномаи СММ Сурияро ба ҷанг мекашонд

Сергей Лавров

Русияву Чин аз ветояшон ба тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният ҳимоят карданд. Ин тарҳ саркӯбии эътирозҳои Сурияро маҳкум ва ба истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад даъват мекард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров вокуниши Ғарб ба ветои Маскаву Пекинро“наздик ба васваса” номид ва гуфт, ин қатънома дар ниҳоят Сурияро ба ҷанги шаҳрвандӣ мекашонд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лю Веймин ҳам гуфт, давлати Чин пуштибони режими Сурия нест, вале мехоҳад адолат муроот шавад. Аз тарҳи Лигаи Араб, ба истиснои Чину Русия, 13 узви дигари Шӯрои Амният ҳимоят карданд ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ветои Чину Русияро «музҳик» номида гуфт, Маскаву Пекин аз «режими ваҳшиёнаи Димишқ» пуштибонӣ мекунанд.