Даври навбатии музокироти кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари тақсим ва аломатгузории марз дар Душанбе шурӯъ шуд.
Давлат Назриев, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз ду тараф мақомоти зидахл ба пуррагӣ ҷамъ омадаанд ва ҷониби Тоҷикистон интизори пешравиҳо дар ин музокироти тӯлонӣ аст: «Комиссия то рӯзи ҷумъа, расо панҷ рӯз кор мекунад ва аз натиҷаҳои фаъолияташ хабар хоҳад дод.»
Қаблан вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки то ба ҳол беш аз 50 дарсади марзи 940 - километрии миёни ду кишвар дақиқ шуда, ҳамакнун сари 471 километр баҳсҳо идома доранд.
Тоҷикистон ба ҷуз Қирғизистон, бо Узбакистон низ баҳсҳои марзӣ дорад, аммо бо назардошти мухолифатҳои солҳои ахир, танҳо 20 дарсади марз бо ахирӣ баҳснок мондааст. Равобити Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамеша хуб арзёбӣ мекунанд ва ҳамкориву ҳаммавқеиҳои ду кишвари «ҳамсон» дар минтақа аз касе пӯшида нест. Пас сабаби кундии музокирот дар ниҳоӣ кардани марзҳои баҳсӣ дар чист?
Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон тӯл кашидани ин музокиротро ба ҳаводиси Қирғизистон аз соли 2005 то ба қудрат расидани ҳукумати имрӯзи ин кишвар рабт дод. Ба қавли ӯ, бо ин вуҷуд, ки дар ин марҳала кумиссиюни байниҳукуматӣ дар сатҳи коршиносону масъулин музокирот мебурданд, дар Бишкек нерӯи собите вуҷуд надошт, ки тавонад мавқеи ниҳоии худро огоҳона сари ин масъала баён кунад.
Аммо сокинон ва коршиносони ноҳияҳои марзӣ дар ин маврид назари дигар доранд. Ба қавли Абдуҷамил, сокини ноҳияи Исфара, вазъ аз соли 1988, замони вуқӯъи аввалин даргирӣ миёни қирғизҳову тоҷикон хеле печидатар шудааст. Ба қавли ӯ, агар он замон раҳбарони ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Аскар Оқоев ба созиш омада буданд, ки ду ҷониб метавонанд то анҷоми музокирот заминҳои баҳсиро бар асоси иҷора истифода кунанд, солҳои ахир масъулини вилояти Бодканди Қирғизистон аслан аз ин шеваи муросо даст кашидаанд ва мӯҷиби даргириҳо низ шудаанд: «Мушкил хеле зиёд аст. Ин комиссия ҳал карда наметавонад. Пеш аз он, ки ҳал шавад, манфиатҳои ҳуқуқии мардумро бояд таъмин кунанд.»
Дар гузашта минтақаҳои баҳсноки марзи ду кишвар дар Ҷиргатолу Бадахшони Кӯҳиро, ба далели он ки аҳолӣ кам ба сар мебарад, ҷониби Қирғизистон ба иҷораи сокинони Тоҷикистон, ки низ қирғизтаборанд, дода буд. Аммо ба қавли мақомоту коршиносон, вазъ дар минтақаҳои баҳсноки вилоятҳои Суғду Бодканд ин тавр нест.
Коршиносони маҳаллӣ ҳам бар инанд, ки дар ҳоли ҳозир дар манотиқи марзӣ зиёдшавии аҳолӣ мушоҳида мешавад ва дар баробари ин талабот ба замини кишт рӯз ба рӯз меафзояд. Ба қавли онҳо, манотиқи тоҷикнишин аз истифодаи чарогоҳҳо барои чорво ва кӯҳҳо барои ҳезумчинӣ, ки таърихан ба онҳо таалуқ доштаанд, аммо дар замони Шӯравӣ шартан ба ҳудуди Қирғизистон ворид карда шудаанд, маҳрум мондаанд.
Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигоре, ки дар ин мавзӯъ силсилаи мавод ба нашр расондааст, мегӯяд, агар ба тақсим ва аломатгузории марз бадоҳатан пас аз фурӯпошии Шӯравӣ мепардохтанд ва масъаларо ҳал мекарданд, шояд кор ба ин дараҷа намерасид: «Агар дар маҳалҳои тоҷикнишин аҳолӣ аз ҳисоби тавлид зиёд шуда бошад, дар маҳалҳои қирғизнишин теъдоди аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷират афзудааст. Он ҷо ҳатто зӯран ва бо роҳи ҳавасмандкунӣ мардумро аз авулҳо кӯчонда овардаанд.»
Ба қавли оқои Мирсаидов, ҳамчунин дар солҳои аввали истиқлолият мардуми кӯҳистони Қирғизистон барои зиндагии беҳтар ба заминҳои ҳамвори атрофи канали Исфара фуруд омадаанд.
Ба қавли манобеъи мо, ҳоло баҳсҳо ҳатто сари 50 сотих ё як гектар дар деҳоти Чоркӯҳ, Сурх, Ворух, Самарқандак, Оқсой ва Қаробоғи марзи Боканду Исфара ва ҳам масири Хуҷанд-Конибодоми навоҳии Бобоҷон Ғафурову ноҳияи Лайлаки Бодканд вуҷуд доранд.
Давлат Назриев мегӯяд, ин даври охирини музокироти миёни ду кишвар нахоҳад буд ва масоили мавҷуда дар оянда низ баррасӣ хоҳанд шуд.