Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукиҳои рафтуомад дар марз бо Қирғизистон


Дар пайи тавофуқи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, рафтуомади шаҳрвандон ва нақлиёти қирғиз ба вилояти Суғд осон шудааст.

Ҳоло сокинони оддии қирғиз танҳо бо шиноснома ва ронандаҳои нақлиёти мусофирбар бо корти ронандагӣ ва литсензия метавонанд озодона ва бидуни кадом як пардохт посгоҳҳои тоҷикро убур кунанд.

ОДДИШАВИИ РАФТУОМАД ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН

То соли 2011 аз убуру мурури нақлиёти борбари Қирғизистон аз қаламрави Суғд Иттиҳодияи борбарии байнулмилалӣ - «АВВАТ» назорат мебурд ва ронандагони қирғиз бидуни кадом мамониат аз роҳҳои Тоҷикистон ҳаракат мекарданд.

Аммо сар аз соли нав, ин масъулиятро Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бар дӯш гирифт ва назорати нақлиёти қирғизро шадидтар ва барои убури марз ба нақлиёти борбари қирғиз 15 доллар ҳақ ҷорӣ намуд.

Намояндагии иқтисодии вилояти Бодканди Қирғизистон дар Хуҷанд бо арзи матлаб ба мақомоти Тоҷикистон ахиран ба содда кардани тартиби гузари нақлиёти борбари тоҷику қирғиз аз қаламрави ҳар ду кишвар дар минтақаи Суғд муваффақ шудаанд.

Асқаралӣ Мираҳмадов – раҳбари намондагии иқтисодии Бодканд дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Нақлиёти мусофирбари қирғиз акнун бо пешниҳоди литсенсияи байналмилалӣ ва хатсайрнома метавонанд ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Ва нақлиёти борбари транзитӣ бо пешниҳоди санади бор, хатсайр ва иҷозаномаҳои гумрукии ҳар ду ҷониб ворид мешаванд.»

Вай афзуд, намояндагии иқтисодии Бодканд дар Хуҷанд дар пайи шикояти гурӯҳе аз қирғизҳо, ки барои ворид кардани маҳсулоти кишоварзии худ ба бозорҳои Суғд дучори монеа шудаанд, аз ҳукумати Тоҷикистон содда кардани тартиби гузарро тақозо кардааст.

Ба гуфтаи оқои Мираҳмадов, ҳамакнун аз рӯи тартиби нав, дигар аз ронандаҳои нақлиёти борбари қирғиз вақти ворид шудан ба қаламрави Суғд 15 доллар маблағ ситонида намешавад. Ба ҳамин тартиб, бидуни кадом як пардохт нақлиёт ва шаҳрвандони тоҷику қирғиз ба қаламрави ҳамдигар ворид мешаванд. Шаҳрвандони оддӣ посгоҳҳои наздимарзиро танҳо бо нишон додани шиносномаи худ ва корти ронандагӣ метавонанд убур кунанд. Аммо ҳаракати нақлиёти транзитии дорои маводи хатарнок ё зудсӯз, мисли нафту бензин дар роҳҳои ҳар ду ҷониб таҳти ҳидояти посбонон сурат мегирад.

Мутобиқи созишномаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2008, ҳаракати шаҳрвандон ва нақлиёти бору мусофирбар ва транзитӣ бидуни виза ва иҷозаномаи махсусе анҷом мегирад.

ТАНИШҲОИ ПАЙДАРПАЙИ ҚАВМӢ


Аммо гоҳе риоят нашудани ин қоидаҳои убуру мурур боиси рух додани
муноқишаҳо миёни сокинон ва ниҳодҳои марзиву пулиси тоҷику қирғиз дар манотиқи наздимарзӣ мегардад. Ва бархе аз муноқишаҳо вақти монеабандиҳо дар роҳи рафтуомади шаҳрвандону нақлиёти ҷазирақаламрав ё анклавҳо сурат мегирад.

Аз ҷумла, моҳи гузашта муваққатан якҷониба баста шудани посгоҳи марзбонии қирғиз, воқеъ дар байни ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд ва Ворухи ноҳияи Исфара, боиси таҷаммӯъ ва муноқишаи садҳо сокинони тоҷику қирғиз дар ин мавзеъ шуда буд. Ҷониби қирғиз иддао мекард дар пайи пархоши як шаҳрванди тоҷик бо низомии раҳбони қирғиз ба ин иқдом даст задааст, аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, баръакс шаҳрванди тоҷик аз сӯи раҳбони қирғиз беасос боздошт ва азият шуд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҷорӣ шудани тартиби нави убуру мурур заминаҳои муноқишаҳоро аз байн хоҳад бурд ?

Як таксирони тоҷик аз шаҳри Исфара мегӯяд, албатта, содда кардани тартиб, рафтуомади сокинони тоҷику қирғизро сабук хоҳад кард, аммо мушкили равуо ҳамчунон боқӣ мондааст. Вай афзуд: «Агар баногоҳ шиноснома дар хона фаромӯш шуда бошад, аз посгоҳи қирғиз гузаштан намемонанд. Дар Бодканд ҳам ГАИ ҳуҷҷат мепурсад ва мегӯяд, чаро омадӣ ?»

МУШКИЛОТИ ҲАЛНОШУДАИ МАРЗӢ

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки қисмати умдаи он муайян ва нишонагузорӣ шуда, вале 270 километри қисмати Суғд ҳанӯз муайян ва марзбандӣ нашудааст.

Ба назари Ҷулдош Сотиболдиев, раҳбари ҷамоати Оқсойи вилояти Бодканд, поёни мушкили равуо ва истифода аз роҳу замин миёни Суғду Бодкандро ба анҷоми марзбандии байни Тоҷикистону Қирғистон дар ин минтақа рабт медиҳад. Вай мегӯяд: «Мушкил вуҷуд дорад. Ва он ин аст, ки бояд хати марз дар мӯҳлати кӯтоҳ ва аниқ муайян ва нишонгузорӣ карда шавад. То анҷоми ин кор мушкили сокинон боқӣ хоҳад монд.»

Зимнан, тартиби равуо байни Суғду Бодканд дар ҳоле содда гардид, ки ҷаласаи комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзбандӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Печидагии хати марз, вуҷуди анклавҳо, борҳо иваз шудани харитаи сарҳад марзбандиро душвор
гардонида, ҷонибҳо наметавонанд дар ин масъала ба тавофуқ расанд.

Тайи соли равон вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон ду маротиба дар Қайроқум ва Исфара ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ алайҳи терроризм, ҳамкориҳои низомиву фаннӣ, ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва тундрав, ҳамзистии тоҷикону қирғизҳо дар манотиқи ҳаммарз дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин аввали моҳи равон Роза Отунбоева, раисҷумҳури Қирғизистон зимни дидор аз вилояти Бодканди ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон, ба таҳкими ҳусни ҳамсоягӣ таъкид кард.
XS
SM
MD
LG