Сарвазири Юнон Лукас Пападемос рӯзи якшанбе пас аз гуфтушунид бо бозрасони кӯмакҳои Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Иттиҳоди Аврупо бо ҳампаймонҳои худ дар ҳукумат ҷаласаи фавқулода баргузор кард, то талаби сарфаҷӯиҳои бештарро бо онҳо баррасӣ намояд. Вазирони минтақаи евро қарор буд, рӯзи душанбе қарордоди дувуми мадад ба Юнонро ниҳоӣ кунанд, аммо ин ҷаласа алҳол лағв шудааст.