Даҳҳо ҳазор нафар аз эътирозгарони зидди Кремлин аз Владивосток дар Шарқи Дури Русия гирифта, то Калининград дар ғарби ин кишвар длар ҳоле ба кӯча баромаданд, то интихоби дигарбораи сарвазир Владимир Путин ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дақиқан як моҳи дигар мондааст. Сарони ҷунбиши “Барои интихоботи одилона” умедворанд, ки сардии ҳаво аз ширкати густардаи мардум дар тазоҳурот пешгирӣ нахоҳад кард. Ҳадаф аломат додан ба ҳукумат аст, ки хашми мардум аз тақаллуб дар интихоботи порлумонии соли гузашта ва бартарии Путин дар сиёсати Русия рӯ ба афзоиш дорад