Соли 2011 аз Тоҷикистон тақрибан 1 млн вориди Русия шудаанд

Константин Ромодановский

Константин Ромодановский-раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, соли гузашта тақрибан 14 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ба таври қонунӣ вориди Русия шудаанд. Ба гуфтаи Ромодановский, 13 миллиону 800 ҳазор ба таври қонунӣ ба Русия омадаанд ва 9,7 миллиони онҳо шаҳрвандони кишварҳои мушатаракулманофеъ будаанд. 2,7 миллиони онҳо аз Украина, 2 миллион аз Узбакистон, 1,5 миллион аз Қазоқистон ва камтар аз 1 миллион аз Тоҷикистон будаанд. Аз Озарбойҷону Молдова ва Қирғизистону Арманистон тақрибан ним миллион нафарӣ вориди Русия шудаанд.