Барои таҷовуз ва куштор 25 сол зиндонӣ мешавад

Додситонӣ аз додгоҳи шаҳрии Маскав дархост кардааст, ки Тағойбек Ёқубов-шаҳрванди Тоҷикистонро ба 24 соли зиндон маҳкум кунад. Вай барои таҷовуз ба номуси духтари 16 сола ва куштори вай гунаҳгор дониста мешавад. Духтар дар мактаби низомӣ таҳсил мекардааст. Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Тағоймурод Ёқубов худаш аз ҷинояти содиркардааш мақомоти интизомиро хабар кардааст. Ҳукми додгоҳ 7 март эълон мешавад. 15 маи соли 2010 Тағоймуроди 25 сола ҳангоме, ки дар ҷангал дар наздикии истгоҳи автобус қарор дошт, Елена Лифановаро дид, ки бо телефони ҳамроҳ гуфтугӯ мекунад. Барои соҳиб шудан ба ин телефон вай ба сари духтар чанд зарба мезанад, телефонашро мегирад ва дар ҳолати беҳушӣ вайро ба дохили ҷангал мебарад ва таҷовуз мекунад. Сипас барои ифшо нашудани ин кирдошраш вай духтарро бӯғӣ карда мекушад.