Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев, ки дар интихоботи моҳи октябри раёсатҷумҳурии Қирғизистон ҷойҳои дувуму севумро гирифта, аз Алмосбек Ҳотамбоев шикаст хӯрданд, як ҷунбиши ҷадид ташкил додаанд. Мадумаров - раҳбари ҳизби Бутун Қирғизистон ва Тошиев - раиси ҳизби Ота-Ҷурт мегӯянд, ҳадафи асосии ҷунбиши нав таъмини ваҳдат ва овардани адолат ба кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумат бояд аз ҳисоби намояндагони гурӯҳҳои мухталиф ташкил шавад.