Парвандаи Сӯҳроб Қурбонов ба додгоҳ рафтааст

Сӯҳроб Қурбонов

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон раҳбари собиқи Иттиҳодияи рассомон Сӯҳроб Қурбоновро айбдор кард, ки иморати Хазинаи бадеии ин созмони эҷодиро бо нархи 13 маротиба камтар аз қимати бозор фурӯхтааст. Раиси ин Ожонс Фаттоҳ Саидов ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин бинои сеқабата 790 000 доллар арзиш дошт, вале ҳамагӣ ба 63 000 доллар фурӯхта шуд.
Ба навиштаи Интерфакс, ин парванда феълан ба дасти додгоҳ супурда шудааст.
Сӯҳроб Қурбонов баъди қариб 30 соли раёсат дар моҳи январ аз мақоми раҳбари Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон истеъфо дод. Ӯ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад.