Имрӯз анҷумани амниятии Мюнхен оғоз мешавад

Имрӯз, 3 феврал, рӯзи ниҳоии нишасти вазирони дифоъи НАТО дар Брюссел аст. Имрӯз анҷумани серӯзаи амниятии Мюнхен дар Олмон оғоз ба кор мекунад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз барои як сафари серӯза роҳии Олмону Булғористон хоҳад шуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз дар як ҳамоиши тоҷирон дар Гуанчжоуи Чин ширкат мекунад. Ва ҳам имрӯз, 3 феврал дар Яҳорина мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Сербистону Хорватия ва Босния доир мешавад.