Покистон Толибонро ба сулҳ водор мекунад, агар...

AFGHANISTAN, Kabul : Pakistan's Foreign Minister Hina Rabbani Khar (L) and Afghan counterpart Zalmai Rasool talk at the Foreign Ministry in Kabul on February 1, 2012.

Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, кишвараш омодааст, ба хотири поёни ҷанг дар Афғонистон Толибон ва дигар гурӯҳҳои ошӯбгарро ба гуфтушуниди сулҳ водор кунад, аммо фақат баъд аз он ки мардуми афғон шароити ҳалли низоъро муайян кунанд. Хонум Ҳино Раббонӣ Кҳар афзуд, Покистон вақте ки мардуми Афғонистон роҳи ояндаи худро муайян намуданд, Покистон ба ҳама гуна кӯмаку ҳамдастӣ омода хоҳад буд. Ин изҳороти ӯ дар Кобул пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва дар ҳоле садо дод, ки гуфта мешавад, Покистон бо кӯмакаш ба Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ ба талошҳои сулҳи Афғонистон халал ворид мекунад.