Ширкати пешгоми ҳавонавардии Қазоқистон “Эйр Остона” мегӯяд, дастури бунёди 15 ҳавопаймои навро додааст, ки ҷамъан зиёда аз 1 миллиард доллар мешавад. Ширкат дар ҳоли ҳозир 26 ҳавопаймо дорад. Раиси он Питер Фостер рӯзи панҷшанбе дар Остона гуфт, шаш ҳавопаймои Эйрбас, чаҳор “Боинг 767”, се “Боинги 787”-и дримлайнер ва ду “Эмбрайер”-и Бразилӣ харидорӣ хоҳад кард. “Эйр Остона”, ки 51 дарсади саҳмияҳояш моли Қазоқистон ва 49 дарсад моли Бритониёст, 80 дарсади парвозҳои дохилӣ ва байнулмилалии Қазоқистонро анҷом медиҳад.